БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ ЗЕРИ СОЯИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶИИ ХУД БА ХОТИРИ ФИРЕФТА СОХТАНИ МАРДУМ ПАЙВАСТА НИҚОБ ИВАЗ МЕКУНАД!

ВОКУНИШ. Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар давлатҳои пасошуравӣ истиқлолияти комил ба даст овард. Аммо кӯрбинону нотавонбинони миллати тоҷик зери таъсири омилҳои беруна ва абарқудратҳо ҷумҳурии моро ба ҷанги таҳмилӣ-шаҳрвандӣ кашониданд. Дар он замонҳо миллат дар ҳоли парокандагӣ ва давлат дар як вазъияти нестшавӣ қарор доштанд. Руҳияи мардумро ҳиссиёти яъсу ноумедӣ аз давлатдорӣ ва руҳафтодагиву ҳаррос аз зиндагии шахсӣ фарогир буд.

Мамлакатамон ба порчаҳо тақсим гашта аз изи пояи давлатдорӣ асаре намонда буд. Тоҷикистон макони терроризму экстремизм гардида, бо ҳар роҳу восита гурӯҳҳои манфиатҷӯ бозиҳои нопоконаи худро дар сарзамини мо роҳандозӣ менамуданду хоки муқаддаси моро мавриди озмоишгоҳ қарор дода буданд. Хуллас, миллат ба умқи чоҳи аҳриманӣ ва зиммоми ҳукмронӣ дар дасти заҳҳокони даврӣ афтода буд.

Кинаву адоват, бухлу ҳасад ҷойгузини сулҳу субот ва меҳру адолат гардида буд. Давлату миллат ба дастгирии сарваре чун Африддуну Коваи замонро ниёз дошт. Он курбинону нотавонбинони миллати тоҷик Тоҷикистонро ба коми оташи ҷанг кашонида тавонистанд, аммо як чизро фаромуш сохтаанд, ки миллати тоҷик назди парвардигор миллати назарианд. Назарӣ ба он маъно, ки аввалин миллате дар миқёси ҷаҳонӣ Худовандро ба сифати ягонагӣ ва беолоҳишиаш шинохтааст (Аҳуро-Маздо). Ё ин ки парвардигор нобиғаи нотакрореро аз байни ин мардум болои миллат равона месозад, ки мислашро таърихи инсонияту давлатдориҳо ёд намедиҳанд. Болои миллати назарӣ раҳми худовандӣ воло гирифт.

Мо аҳли ҷомеаро зарур аст, ки вазъияти имрӯзаи ҷаҳонро дуруст таҳлил карда, бо ба даст овардани истиқлолияту доштани Пешвои хирадманди худ ифтихор намуда, барои арҷ гузоштану ҳифозат аз ин неъматҳои худодода ҷиддан омода бошему ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Мо аллакай як бор аз ҳилаву фитнаҳои намояндагони ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо дар чоҳ афтида будем. Ҳоло ҳам ин курбинону нотавонбинони миллат (ТЭТ ҲНИТ, гуруҳи 24 ва анҷумане бо номи “озодандешон”-у паймонҳои дуруғин) теша бар решаи худ зада миллатро дар як ҳолати парокандагӣ ва давлатро дар вазъияти нестшавӣ қарор додан мехоҳанд. Кишвари азизамонро ба буҳрони амиқ гирифтор намуда, буҷаи мамлакатамонро дигарбора ба сифр баробар кардан мехоҳанд. Аз дасти ин ҷоҳилони бегонапарвар солҳои навадум ҳазорҳо оилаҳо бесарпаноҳ ва ҳазорҳо бегуноҳон ҷони азизи хешро аз даст доданд. Имрӯз ҳам ин хоинонмехоҳанд дигарбора он бадбахтиҳоро ба сари мардум биёранд.

Аз лиҳози динӣ шайтон ду хел мешавад: ҷинсӣ (махлуқоти ғайбӣ) ва инсӣ (инсон). Навъи инсӣ хавфноктарини онҳост. Имрӯзҳо мо ҳамон навъи инсии иблисонеро мебинем, ки дар ТТЭ ҲНИ ва анҷумани бо ном “озодандешон” зери сояи хоҷагони хориҷии худ ба хотири фирефта сохтани мардум пайваста ниқоб иваз карда истодаанд. Чун ниқоби ТТЭ ҲНИ нашуд ниқобҳои дигаро бо номҳои гуногун ба рӯи сиёҳи худ мекашанд. Аз ёдҳои мо он рузҳои сиёҳи тоҷик, ки маҳз дасти аҳримании чунин хоинон буд намеравад ва дар синаҳои мо боқист.

Мо пеш аз ҳама шукронаи давлати тинҷу ором ва Пешвои муаззами миллатро намуда, намегузорем, ки пойи чунин “дӯстони душманпарвар” дигарбора хоки муқаддаси Тоҷикистони биҳиштосоро нопок созанд.

 

Маҷидова Кенҷамо, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg