Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

САҲНАИ МАСХАРАИ КАБИРӢ ДАР СИЁСАТ АЗ ЗАИФИИ ӮСТ!

ВОКУНИШ. Охирин мусоҳибае, ки Кабирӣ- роҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ дар телевизиони CATV- Осиёи Марказӣ анҷом дод, ҳар як шахси худогоҳу миллатдӯстро ба ҳеҷ ваҷҳ бетараф гузошта наметавонад.  Зеро ӯ дар мусоҳиба бовиқор аз ҳар кишваре, ки аз ӯву ҳизби террористиаш дастгирӣ намекард, онро ба ақидаи маъмулии худашу ҳаводоронаш «диктатурӣ» унвон  мекунад.  Ҳатто баъди ба созиш омадани ҳамкориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон гарчанде Кабирӣ ин падидаро ба дили нохоҳам ва «зиракии сиёсӣ» баҳогузорӣ мекунад, вале бинандаи ҳушманд хуб эҳсос менамояд, ки ӯ аз роҳбарияти ҷумҳурии исломӣ ранҷидахотир аст. Ва эъломи давлати «диктатурӣ» дар ин мусоҳибаи телевизионӣ аз забони Кабирӣ бештар ба ҷумҳурии исломӣ рабт дошт.    

         Ҳамин буд, ки Кабирӣ дар мусоҳиба эълом дошт, ки «мо на пуштибонии тарафҳоро доштем ва на чизеро бохтем». Гарчанде зери ин мафҳум ҳангоми пуштибонии наҳзат ба Ҷумҳурии исломии Эрон ишора мекунад, вале ибораҳои «на чизеро бохтем»- аш тафсилоти бештареро тақозо менамояд.

         Вақте ки ҳизби наҳзати исломӣ дар кишвар аз ҳама чиз маҳрум шуд, бо сиёсати хоинонааш хонумони бисёр аз шаҳрвандонро сӯхт, эътироф накардани бохти сиёсӣ аз забони Кабирӣ ғаши мардумро хоҳад овард. Албатта дар ҷомеа шикофҳои  фикрӣ дар шинохти ҳизби наҳзат чандранг аст, вале на ба он гунае, ки Кабирӣ тасаввур мекунад.  Ҷузъи мардуми кишвар ҳизби наҳзати исломиро қаноти ДИИШ, ҷузъи дигар додари ихвон-ул-муслимини Миср, қисмати дигар сипоҳи посдорони ҷумҳурии исломӣ медонад,  ки ҳамаи ин гурӯҳҳо хусусиятҳои хоси сиёсии ба ақидаи динию фарҳангии мо бегонаро тарғиб мекунанд.

         Дар маҷмуъ, ҳама аз ҳизби наҳзати ислом нафрат доранд. Вақте ки ҳизби сиёсӣ дар пояҳои афкори фарҳанги миллӣ амал накард, ҳатман ҷомеа онро қабул намекунад. Метавон баён дошт, ки ҳар як муваффақияти  миллат аз назари Кабирӣ ба таври манфӣ ҳазм мешавад. Ҳатто қабули сарони давлатҳои Осиё низ ба табъи дили Кабирӣ набуд, гарчанде миллат аз баргузории ин чорабинии сатҳи баланд интизориҳои зиёд дорад. Аз ин ҳама андешарониҳо ва «бузургманишӣ»- и Кабирӣ метавон пайхас кард, ки ӯ дар арсаи сиёсат як масхарабозӣ сиёсист. Аниқтараш масхарабозӣ ҳизби наҳзати исломӣ дар Аврупо, ки ба ҳар роҳу восита дар саҳнасозии сиёсӣ худро обу ранг медиҳад. Агар сиёсат бо масхарабозӣ табдил шуд, аз он дигар чӣ ҷойи умед!

Ҷойи Кабирӣ ва кабирипарастон саҳнаи сирк аст на саҳнаи сиёсат!  

 

Ҷалолхон Абдуллоев, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси                                                             вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg