БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ – АСОСИ ТАШАККУЛ ВА ПОЙДОРИИ ОИЛА

АНДЕША. Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурии азизи мо дар бунёди бинои маънавии маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги оиладорӣ нақши калидӣ гузошт. Асос ва бунёди маърифати ҳуқуқӣ дар оила аз истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуби мо сарчашма мегирад.

Чи тавре аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли сокинони кишвар аз 26-уми декабри соли 2018 бармеояд, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2018 ҷамъбаст гардида, ба вуқуъ  пайвастани руйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони соли гузашта барои мардуми Тоҷикистон ва давлати тоҷикон соли воқеан ҳам таърихӣ маҳсуб меёбад.

Дар заминаи таъмини Ваҳдати миллӣ ва тантанаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи зани тоҷик рӯз то рӯз боло меравад.

Мояи ифтихор аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи оила дар ҷомеа, ки яке аз василаҳои муҳимтарини бақову ҳастии давлати миллии моро ташкил медиҳад, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сол ба сол болотар мақом гирифта, устувор гардида истодааст.

Аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки мақсау талоши давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  рушду обод кардани кишвар, рушд додани деҳот,мсайёҳӣ ва дар заминаи таъмину амалӣ гардонидани ҳадафҳои миллӣ рушд додани саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, бунёди роҳҳои маҳаллӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум дар ҳамаи сохторҳои идоракунии давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо, баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳаллаи аҳолинишин мебошад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои наҷибона ва дурбинонаи худ Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Боиси сарфарозӣ ва хушбахтии занони кишвари маҳбубамон аст, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ироа карда буданд, ки “Мо мақоми занро дар ҳама ҷо баланд мебардорем, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Мо бо азму ирода ва масъулиятшиносии занон, ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”.

Роҳбари хирадманди давлати мо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии бонувон, таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ ва фаъолияти самараноки онҳо тадбирҳои муосир андешида, мақому манзалати занонро рӯз то рӯз дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат таҳким мебахшад.

Суханони хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат барои рушди босубот ва баланд гардидани маърифати оиладорӣ дар кишвар заминаи устувор ва боъэтимод  хоҳад гузошт.

Амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузорӣ барои тарбияи дурусти насли наврас, андӯхтани маърифати оиладорӣ, пешгирӣ аз исрофкорию зиёдаравӣ заминаи созгор фароҳам меорад. Иҷрои бемайлони санадҳои қонунгузории номбурда пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад ва риояи талаботи онҳо низ ба тарбияи оилавии ҳар як аъзои ҷамъият вобаста мебошад.

Бахусус, дар татбиқи ҳадафҳои қонунҳои зикршуда занҳо, модарони кишвари мо намунаи ибрат буда метавонанд. Зеро низому сомони рӯзгор, муҳиту фазои хона, солимию баракати зиндагӣ дар дасти зан мебошад. Фазилату фаросати зан меҳвари зиндагии бомаром ва саодати ҳар хонадон мебошад.

Воқеан ҳам зан зиндагиофар, чароғи мунаввари хонадон, нахустин омӯзгори башарият мебошад.

Яке аз рукнҳои фарҳанги оиладорӣ, дар ҳамаи давру замон, ин маърифати номгузорӣ баъди тавлиди тифл дар ҳар як хонадон мебошад.

Номи инсон, бешак, як рукни муқаддасоти миллист ва гузоштани ном, худ амалест муқаддас. Ин муқаддасот моро водор, вазифадор ва уҳдадор мекунад, ки номи ба тифл додаамон сазовори ҳам фард ва ҳам ҷомеаву миллат бошад.

Бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб барои баланд бардоштани маърифати оилаорӣ як қатор корҳои маърифатӣ-фарҳангиро ба сомон расонидааст. Аз ҷумла, бо мақсади интихоби номҳои сирф тоҷиконаи хушсао, илнишин ва баландмаъно, феҳристи намунавии номҳои тоҷикиро барои бахши мазкур ва ҷамоатҳои деҳот таъмин намудан аст ва онҳо ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои ба қайди давлатӣ гирифтани асноди сабти таваллуд ва ивази ном манзури онҳо мегардад, ба онҳо дар ин самт маслиҳатҳои муфд дода шуда, ба ин васила маърифати номгузориро дар ҳаёти оилавии шаҳрвандон ривоҷу равнақ медиҳад.

Ҳамчунин, дар мақомоти САҲШ-и шаҳри Кӯлоб бақайдгирии тантанавии асноди ақди никоҳ ва таваллуди фарзанд нахустин дар оила, ки он аз талаботи “Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019” бармеояд имрӯз ба ҳукми анъана даромада, тамоми сабтҳои асноди никоҳ ва таваллуди фарзанди аввал дар бинои бахши САҲШ, ҷамоатҳои деҳот ва макони баргузории туйҳои арӯсию домодӣ ба таври тантанавӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд, ки он дар таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги оиладории шаҳрванон мусоидат хоҳанд кард.

Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама аз ваҳдати оилавӣ сарчашма мегирад ва ватандорию ватандӯстӣ нахуст аз оила ташаккул меёбад. Дар ин ҷода мутафаккири аврупоӣ Чарлиз Дикенс чунин гуфтааст: “Аз муҳаббати оиладорӣ муҳаббати Ватандорӣ тавлид меёбад”.

 

Муъмина Иброҳимзода, узви ҲХДТ, мудири бахши САҲШ-и ш.Кӯлоб       

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg