БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Барқи шаҳр”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вохӯрии ҳизбӣ доир карда шуд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ зимнан ҳозиринро ба муносибати фарорасии Иди Саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, дар мавзӯъи “Сафарбар намудани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ – яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ мебошад” баромад намуда, иброз доштанд, ки таҳти роҳбарӣ ва раҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ҳадафҳои миллӣ қадам ба қадам татбиқ гардида истодаанд, ки яке аз онҳо расидан истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Дар Тоҷиикистон сохта ба истифода додани Нерӯгоҳҳои обии барқии “Тоҷикистон”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва ғайра аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари мо барои расидан ба ҳадафҳои хеш устуворона ба пеш рафта истодааст. Бо ба истифода додани чархаи якуми НБО-и Роғун метавон бо ифтихор иброз дошт, ки Тоҷиикстони соҳибистиқлол ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ расидааст.
Ҳамзамон, дар идомаи вохӯрии мавзуҳои ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ҷоннок намудани фаъолияти ТИҲ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, оростаи хони маънаӣ дар иду ҷашнҳо, посдоштани маданият ва фаҳанги миллӣ ва ғайра миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.