
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо иштироки Фароғат Назарова муовини раиси Кумитаи иҷроия дар беморхонаи марказии шаҳр вохӯрӣ доир гардид, ки дар рафти он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла дар бораи сари вақт ва ба таври зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мавсуф зимни суҳбат қайд намуд, ки соҳаи тандурустӣ соҳаест, ки бевосита ба саломатию сиҳатии ҷомеа марбут буда, вуҷуд доштани коррупсия ва тамаъ намудан аз беморон ба номи табиб ва обрӯи ӯ дар ҷомеа иснод меорад. Аз ин рӯ духтурон ҳамеша бояд талош ба он дошта бошанд, ки номи неки худро дар байни мардум пайдо кунанд ва ҳар сабабу омили ба вуқуъ пайвастани ин амали номатлубро пешгирӣ намоянд.