БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ЗАНОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохўрии судманд доир шуд.

Дар вохӯрии мазкур намояндаи ҳизби шаҳри Бохтар Волида Ҳакимова иштирок ва суханронӣ карда, мавсуф қайд намуд, ки нақши занон бо дастгирии бевоситаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар ҷомеа баланд гардида истодааст. Ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз занону бонувон дар тамоми  соҳаҳои мамлакат кору фаъолияти пурсамар дошта, дар рушд ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон нақши арзанда доранд.

Инчунин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд, ба таълиму тарбияи фарзанд аҳаммияти ҷиддӣ дода,  дар иҷроиши талаботи Қонунҳои миллӣ  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷаншу маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ ба чанд нафар аз соҳибкорони ташкилоти ибтидоӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg