Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

МАКТАБ ДАРГОҲИ ХУДШИНОСӢ ВА ИЛМУ ДОНИШ АСТ!

ЁВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи қисамати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Муборакқадам» кӯмаки навбатӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии навбунёди № 81 и деҳаи Дарагии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов расонида шуд.

Соҳибкорон Қориев Мухторхӯҷа ва Холов Абдусалом аз ҳисоби пасандозҳои худ ба муассисаи мазкур ба миқдори як тонна семент ва се тахтаи синфӣ кӯмак расонида шуд. Ҷойи қайд аст, ки мактаби мазкур тавассути ҳашари дастаҷамъонаи мардуми деҳаи Дарагӣ бунёд гардида истодааст.

Дар қисамати дуюми чорабинӣ миёни намояндагони ҳизбӣ  ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ оид ба иқдоми навбатиашон бобати бунёди ҳашт синфхонаҳои иловагӣ арзи сипос намуда, иқдоми мазкурро давоми сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg