БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПЕШРАФТУ ОБОДИИ ҶОМЕА САҲМГУЗОРЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Истиқлол”-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.

Кормандони Кумитаи иҷроияи  ноҳиявӣ дар  чорабинӣ  иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ,  саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.

Аксияи амалии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”- ро аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дастгирӣ намуда, ба иваз кардани болопӯши бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 – ноҳия шурӯъ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg