БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ФАРЗАНДОН ШАРОИТИ МУСОИДИ ТАҲСИЛРО ФАРОҲАМ МЕОРЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии  “Танобчии поён” баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроия  дар бораи  самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва  саноатикунонии босуръати кишвар – ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирӣ аз хурофоту зиёдаравӣ, оростани дастархони маънавӣ,  дар рӯзи иди Қурбон аёдати беморону барҷомондагон, бо амалҳои созанда шод кардани руҳи гузаштагон, дасти кӯмак дароз намудан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ки яке аз  фазилатҳои неки инсонӣ мебошад,  андешаронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки  аз харҷи беҳуда даст кашида, ба сарфакорӣ рӯ биёрандва барои фарзандони хеш шароити хуби таҳсил дар соли нави хониш фароҳам оранд.

Ҷамъомади судманд ба иштирокдорон писанд  омада,  вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон тасмим гирифтанд,   барои таъмири муассисаи таълимии деҳаи худ як миқдор масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg