БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТҲОИ МЕҲТАРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ ПАЙВАСТА ҚАДР КАРДА МЕШАВАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо  ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба фарорасии иди Саиди Қурбон ва дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки Москва Ғафуров Саъдуллои 101 сола   аёдат карда шуда, ба ӯ маводҳои хӯрока кӯмак расониданд.

 Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Давлатҷон  Ғаффорзода  ҳангоми суҳбат  бо Ғафуров Саъдулло аз дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати иштирокчиёни ҶБВ ва табақаҳои ниёзманд   ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид кард, ки  имрӯз  дар асоси сиёсати хирадмандона  ва сулҳпарваронаи Роҳбари давлат  тамоми соҳибкорон, шахсони саховатпеша  дар  арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ  аз аҳволи шахсони яккаву танҳо  хабардор гардида, кӯмакҳои худро мерасонанд. Тавре, ки  Пешвои миллат дар суханрониҳояшон пайваста қайд мекунанд,  ягон нафар шахси яккаву танҳо ва эҳтиёҷманд аз мадди назари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намемонад.

Дар навбати худ Ғафуров Саъдулло  ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат  изҳори сипос намуда иброз дошт, ки имрӯз Тоҷикистони мо зери сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти кишвар ба яке аз давлатҳои пешрафтаи  ҷаҳон табдил ёфтааст. Мо пиронсолон то рӯзе, ки ҷон дар бадан дорем дар ҳаққи Пешвои миллат, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ба дуо ҳастем зеро, ки он рӯзҳои шумро, ки асри гузашта бар сари миллати тоҷик омада буд, аз ёд набаровардаем  ва  ҷавонону  фарзандонро даъват мекунам, ки ба қадри сулҳу суботи кишвар ва ин неъмати бузурги Истиқлолият расанд ва чун гавҳараки чашм онро  эҳтиёт кунанд. Мо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зери роҳбарии Пешвои миллат қарор доранд  сипосгузорем зеро, ки ҳизбе, ки мақсаду ҳадафаш сулҳу суботи сиёсӣ , сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ,созандагию бунёдкорӣ  мебошад, ин барои мо ифтихори баланд аст.

Дар охир Ғафуров Саъдулло бо чашмони  пур аз ашк, ки ин ҳам ашки шодӣ буд,  дар ҳаққи Пешвои миллат ва Тоҷикистони азизамон дуои хайр намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg