БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФИ ШАХСОНИ ХАЙРХОҲУ САХОВАТМАНД ДАР ОБОДИИ ВАТАН РӮЗ ТО РӮЗ МЕАФЗОЯД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Нури Хуросон» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти вохӯрӣ баргузор гардид.    

Зимни баргузории  ҳамоиш масъулин атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, сафари кории  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг,  пешрафту шукуфоии Ватан, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз андешаронӣ  карда, ҷамъомадагонро барои боз ҳам бештар рӯ овардан  ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, дӯст доштани меҳан, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ  ҳидоят карданд.        

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ  бо дастгирии шахсони хайрхоҳу саховатманд ба МТМУ № 29 як миқдор  маводи сӯзишворӣ барои зимистонгузаронии  хонандагон,  хатти обгузар ба МТМУ №19 ва  пули одамгузари маҳали зисти сокинон таъмиру азнавсозӣ ва кӯмак расонида шуд.

     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg