БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Ёл»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия ва  Шерова Фарида вакили Маҷлиси   вакилони халқи ноҳия хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида шуд.  

Масъулин  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хурофоту бегонапарастӣ, зиёдаравию худнамоӣ, бемориҳои сироятӣ, никоҳи хешутаборӣ, рӯ овардан ба хоҷагидорию кишоварзӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани неӯи барқ ва оби ошомиданӣ, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқболи гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ намуданд.

Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба роҳ монда шуда, иштирокдорони чорабинӣ ба корҳои  ободонӣ машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg