БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ШАРАФ ВА НОМУСИ МИЛЛАТ АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати Зиракӣ» вобаста ба атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ намояндаи ҳизби шаҳри Кӯлоб Саидов Умар иштирок ва суханронӣ намуд.

Нахуст, Мавсуф  қайд кард, ки барои ба даст овардани Истиқлолияти комил, мардуми шарафманди тоҷик чандин марҳилаҳои сахту сангинро паси сар намуд, чандин олимону бузургон ва шермардони худро аз даст дод, то ки ба ояндагон як давлати соҳибистиқлоли ободро ба мерос гузорад. Аз ин рӯ моро мебояд, арзишҳои миллиро аз арзишҳои шахсӣ боло гузошта, барои таҳким бахшидан ба ғояҳои миллии давлатдорӣ саҳми арзанда гузорем.

Дар охир таъкид шуд, ки нобасомониҳое,ки  дар баъзе аз давлатҳои дида мешавад, моро водор мекунад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории Истиқлолияти давлатӣ дар Ватани маҳбубамон ҳамаҷониба кӯшиш намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg