Ҷ.БАЛХӢ. “Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КДФ ОК об»-и ноҳия бо мақсади анҷом додани иқдомҳои хайру сахо пеш аз иди “Қурбон” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Содиқова Меҳрубону-муовини раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суханронӣ намуд.
Дар охир бо саҳми аъзои ташкилот дар робита ба иҷрои Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як нафар оилаи камбизоат кумаки молиявӣ бо маблағи 200сомонӣ расонида шуд.