БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгари давлати навини тоҷикон

БАЛҶУВОН. Дар деҳаҳои Дашти майдон ва Гирбаси ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки И.в раиси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  Исуф Мирзоев, мудири шуъбаи   таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Асомуддин Ғуломов    ва дигар шахсони расмӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

057.jpgДар вохӯрӣ масуълин дар назди ҷамъомадагон оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз ҳунарҳои мардумӣ дар хона, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, онҳоро  баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии ҲХДТ ва Раиси муаззами он дар рушду нумӯи кишвар раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg