БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗОДИИ БАЁН ДАР ТОҶИКИСТОН МАВҶУД БУД ВА ИМРӮЗ НИЗ ҲАСТ

ВОКУНИШ. Тибқи гузориши расонаҳои хабарӣ дар шаҳри Жнева муколамаи  ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон бо аъзои  Кумитаи  Ҳуқуқи  Башари СММ  баргузор гардид. Дар ин нишаст роҳбари ҳайати гурӯҳи корӣ Прокурори  Генералӣ  Юсуф  Раҳмон гузориши  муфассал  пешниҳод  намуд.

Прокурори  Генералии  Тоҷикистон  ба  аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ  гузориш пешниҳод намуда  қайд  кард, ки  дар давоми  4-5 соли охир дар  Тоҷикистон барномаҳои  зиёде барои  беҳтар  гардонидани  ҳукуқи  инсон  қабул  ва амалӣ гашта истодаанд. Иғвою дассисаҳое, ки ду се нафар бофта  баровардаанд, онҳо  на  барои  ободии  кишвар фаъолият мекунанду ва на барои  зиндагии шоистаи мардум кореро анҷом медиҳанд, балки барои дарёфти сармоя  ва зиндагии шоҳона барои манфиатҳои худ ин амалҳоро бофта мебароранд.

Хар  як  шаҳрванди  кишвар  хуб  медонад, ки ҳуқуқи  инсон чист? ва  чи  тавр бояд  онро риоя  ва  истифода  намояд.

    Ҳамаи  аъзои ташкилоти террористии наҳзати ислом, ки дар Тоҷикистон бо  барангехтани кинаву адоват ва бо содир кардани ҷиноят маҳкум  шудаанд, бо далелу исбот бо ҳукми суд маҳкум шуда мебошанд..

Агар ба масъалаи мухолифини давлати имрӯзаи Тоҷикистон  аз  назари  воқеӣ  баҳо диҳем, маълум мешавад ду се  нафар террористи  наҳзатӣ ва якчанд тоҷири  исломгаро  ҳамаи  ин  моҷароҳоро  барангехта,  барои  ноором  намудани  вазъи  ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон кайҳост, ки будану кадом  мақсад  доштани  террористони  наҳзатиро дониста  гирифтаанд  ва  маводҳои муғризонаи худро  дар шабакаҳои интернет бо кадом мақсадҳо паҳн менамоянд.                                                                                                                                                                                                                      Иғвогарони ватанфурӯш ва  ҳаммаслакони  онҳо,  аз  ҷумла  Гурӯҳи-24, анҷумани  озодаандешони тоҷик, ПМ бо ном мухолифони сиёсии кишвар  террористу ҷинояткоронанд  на мухолифини  сиёсӣ.

 Озодии  баён  ҳанӯз  аз  ибтидои  соҳибистиқлоли  дар  кишвари  мо мавҷуд  буд ва  имрӯз  низ  ҳаст. Инро  ҳа  як  фарди  ватандӯст  медонад  ва дар доираи  қонун истифода мекунад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад  озодии  баёнро   бо  мақсади  иғвогарӣ  ва  ба ҷаҳониён барои манфиату мушкилоти  шахсии  худ дурӯғ ва  иғвоангез баён  намояд.

Сураё  Ализода, раиси  КИ  ҲХДИ  дар ноҳияи  Носири  Хусрав                                              

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg