БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ ИН МӮЪҶИЗАЕСТ, КИ ИНСОНИЯТ ДАР ҲАМА ДАВРУ ЗАМОН БА ОН НИЁЗ ДОРАД

 АНДЕША. Дар табиат об нақши ниҳоят муҳимро иҷро намуда, шароити мусоиди ҳаётиро барои растанию ҳайвонот ва микроорганизмҳо фароҳам меоварад.

Об ин мӯъҷизаест, ки инсоният дар ҳама давру замон ба он ниёз дорад.  Воқеан ҳам об ин ҳастии инсон, ҳайвонот ва тамоми рустаниҳои кураи замин мебошад. Сарсабзӣ ва хуррамии рӯйи замин ободию тозагии кӯчаю хиёбонҳо, заминҳои ҳосилхез аз об вобастагии калон  доранд. Зиндагии инсониятро бе об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро тамоми организми инсон, аз об ташаккул ёфтааст.

Муҳофизат намудани об аз партовҳои бегона - ин муҳофизат намудани ҳаёт, саломатӣ ва тоза нигаҳдории зебоии муҳити зисти мо мебошад.

Дар дунё мамлакатҳое, низ вуҷуд доранд, ки аҳолии он аз набудани оби ошомидани танқисӣ мекашанд. Набудани оби тозаи ошомидани дар ин минтақаҳо аҳолиро ба ҳар гуна бемориҳои марговар дучор мегардонад. Хушбахтона кишвари мо аз ҷиҳати захираҳои обӣ ва пиряхҳои бузургаш дар қатори мамлакатҳои аз ҷиҳати оби тоза бой ҷой дорад. Тоҷикистон аз захираҳои оби бой буда, қариб 7 ҳазор пирях, 155 куллӣ гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои дорои оби одию маъдани ва обанборҳои зиёд дорад. Маҳз ин бойгариҳои табии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои маълуму машҳур гардонидаанд. Бояд қайд намуд, ки мутаассифона солҳои охир ивазшавии иқлим боиси коста гардидани захираҳои бузургӣ обӣ гаштааст. Бинобар ин ҳолати мазкур ва вазъи камобии дигар мамлакатҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ин масъала аз минбари баланди Созмони Миллали Мутаҳид бо баромади пурмуҳтаво солҳои 2018-2028-ро соли даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор” эълон кард, ки аз ҷониби тамоми аъзоёни Созмони Миллали Мутаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.  Аз ин рӯ моро мебояд, ба қадри ин ганҷинаи нотакрори табиат расида аз як гиребон сар бароварда сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷода дастгирӣ намоем.

 

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg