БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ ТАНЗИМ БА ДУРУСТ САФАРБАР КАРАНИ АМАЛҲОИ ХАЙРУ САХО МУСОИДАТ НАМУД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар миён бо мақсади расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Таниёл” хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки танҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси қонунгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, баробарвазн бо як инқилоби фикрӣ ва маънавӣ мебошад. Шикасти таассубу хурофоте, ки садсолаҳо дар зеҳни мардуми кишвари мо таҳшин шуда буд, ба воситаи ин қонун қолабшиканӣ шуда, мардумро ба сӯи ояндаи дурахшон ва саодату рифоҳи инсонӣ ҳидоят кард, ба дуруст сафарбар кардани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд, ки бешубҳа яке аз дастовардҳои умдаи даврони истиқлолият ва аз тасмимҳои писандидатарини Пешвои миллат маҳсуб мешавад.

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гирду атрофи бунгоҳи саломатии деҳаи Таниёл рангу бор гардида, таъмир карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg