БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БО НАШЪАМАНДИВУ НАШЪАҶАЛЛОБӢ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ ХАТАРЗО БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ШАҲРВАНДОН

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Таъминоти нафақа» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.  

  Зимни ҳамоиш аз  ҷониби масъулин дар бораи  фаъол гардонидани аҳолӣ  дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти  хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи  шаҳрвандон  суханронӣ карда шуда, иброз доштанд, ки муомилоти ғайриқонунии  маводи  нашъаовар дар баробари терроризм ва экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар ин раванд дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  тарғибу ташвиқ карда шуда байни корманди ҳизбӣ ва ҷамъомадагон суолу  муколаммаҳои судманд  сурат гирифт.         

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии мазкур ба як нафар оилаи камбизоат Қодирова кӯмаки молиявӣ расонида шуд.          

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg