БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ҶИҲАТИ ТАҲКИМИ МАВҚЕИ ҲИЗБ ДАР ҶОМЕА

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии деҳқонии “Файзалӣ Саидов”  - и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  бо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ  доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, тарғиби арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид  гардид, ки сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ паст будани маърифати онҳо мебошад. Аз ин рӯ, воситаи асосии пешгирӣ аз ин зуҳурот тарбияи дурусти фарзандон ва пайваста огоҳ будан аз кору рафтори насли наврасу ҷавон мебошад.

Инчунин, дар ин  мисол моҳияти Қарори раис вилояти Хатлон “Дар бораи андешиданичораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон”, Аксияи таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб” ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба дарки иштирокдорон расонида шуда, аз онҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  даъват ба амал оварда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg