БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪЮБОНУ ЭҲТИЁҶМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона» бо иштироки Фароғат Назарова муовини раиси Кумитаи иҷроия  вохўрӣ доир гардид.

Мавсуф зимни ибрози андеша гуфт, ки гирифтани дасти дармондагону эҳтиёҷмандон ва беҳтар сохтани шароити зисту зиндагонии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб маҳсуб ёфта, кӯмак ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар мадди назари Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар доираи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби шахсони хайрхоҳу ватандӯст дар шаҳри Левакант  корҳои хайру сахо  ба роҳ монда шудааст, ки шахсони маъюб,  яккаю танҳо ва ба кӯмаку дастгирӣ ниёздошта аз  ғамхориҳои  шаҳрвандони  саховатпеша бархӯрдоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg