Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ФАЪОЛОНИ ҲХДТ ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ САҲМГУЗОРАНД

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонӣ”-и деҳаи Ҷавонии  Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  баргузор гардид. 

Аъзои ташкилоти номбурда барои таъмири синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳа як миқдор мизу курсӣ ва рафҳои китобмонӣ барои  хонаи омӯзгорон харидорӣ карда  тақдим намуданд, ки иқдоми неки   онҳо аз ҷониби  омӯзгорон ва  падару модарон бо хушнудӣ пазируфта шуда, миннатдории хешро  баён карданд.   

Ҷараёни Аксияи ҳизбӣ дар миёни соҳибкорону вакилон, аъзову ҷонибдорони ҳизб ва фаъолони шаҳри Норак қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

Инчунин, дар ин раванд бо сокинони деҳаи Ҷавонӣ суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуда, масъулини Кумитаи иҷроия дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ-ро ба ҳамагон фаҳмониданд.

Дар охир сокинони деҳа аз иқодому ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат  сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg