БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНФРАСОХТОРИ МУАССИСАҲОИ ТИББИРО БЕҲТАР МЕГАРДОНЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар толори маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳияи Панҷ бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо табибон мулоқот рохандозӣ гардид.

Нахуст, Файзизода Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сухан баромада, аз ҷумла қайд намуд, ки саломатии мардум беш аз ҳама аз дониши баланди кормандони соҳаи тиб вобастагӣ дорад. Давлату ҳукумат имрўз ба солимии ҷомеа диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаст. Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад.

Дар доираи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сино” Ҳандалаев Зафар аъзо ва фаъолони ҳизб дар ҳалли проблемаи муассисаҳои таълимӣ саҳмгузор шуда, ба муассисаи таълимии №12 масолеҳи сохтмони аз қабили рангу оҳак тақдим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg