ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Таҳти ҳамин шиор дар ташкилоти ибтидоии “САҲШ” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи Истиқлолият – неъмати бебаҳои таърих ва дастоварди нодири сиёсӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ба манфиати кишвар аст суханронӣ намуда, инчунин нисбати номгузории шаҳрвандон дар заминаи меъёрҳои таърихии номгузории тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб ёфта, аз гузаштаи дури таърихи забонамон маншаъ мегирад, ибрози сухан намуд.
Дар охир ба ду нафар оилаҳои ниёзманд, ки яке Сироҷиддинзода Бибиомина Суҳайлӣ ва дигаре Садриддинзода Анзурат Айёмиддин шаҳодатномаи таваллудро ройгон туҳфа карда шуд.