БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ НАҚШИ АРЗАНДА ДОРАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гулрез» хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Гадоӣ Сайдалиев дар суҳбат оид ба сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, қайд кард, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, дар ҳама зинаҳои таҳсилот ислоҳотро давом дода истодааст ва мушкилоти мавҷуда зина ба зина ҳал шуда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд карданд, ки «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзиёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар соҳаи маориф хизмати шоиста карданд, идома медиҳем».

Баъдан дар дар қисмати амалии чорабинӣ  Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  як синфхонаи муассисаи таълимии №11 бо саҳмгузории аъзои ташкилоти ибтидоӣ ва хусусан аъзои фаъоли он Фахриддинов Салоҳиддин  таъмир  карда шуда, дар соли нави хониш барои хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg