БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ НЕЪМАТИ ҲАЁТАН МУҲИМ БАРОИ ҲАР ЯК МАМЛАКАТ ВА СОКИНОНИ ОН МЕБОШАД!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дирӯз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “Идораи об» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.    

Масъулини ҳизбӣ дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ-ро дар байни ҷамъомадагон тарғибу ташвиқ карда, иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳои умдаи рӯз дастрасии  мардуми сайёра бо оби  ошомиданӣ аст, ки дар бештари  мамлакатҳои дунё сокинон аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Хушбахтона мо мардуми шарафманди тоҷик аз ин неъмати  бебаҳои  олам бе ягон мамоният  бархурдорем. Аз ин хотир моро лозим аст, ҳар қатра  оби мусаффоро самаранок истифода барем ва ба қадраш расем.     

Инчунин, дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамагон ба  дӯст доштани Ватан,  расидан ба қадри ин неъматҳои  бебаҳо раҳнамоӣ гардиданд.   

Баъд аз баргузории хониши сиёсӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” бо кӯмаки молиявии сокинон  дастгоҳи обкашии  №26-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаобод  аз нав таъмир карда шуда, сокинон барои иқдоми нек миннатдории хешро баён  намуданд.        

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg