БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОНРО ПАЙВАСТА ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи табиат» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод иштирок дошта, қайд намуд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бисёр дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидем.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намуданд: Кишвари мо имконият дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд.

Ин саҳми Тоҷикистон дар ҳалли яке аз мушкилоти глобалӣ – кам кардани партовҳои гази карбон ба ҳавои атмосфера ва коҳиш додани оқибатҳои манфии гармшавии иқлим хоҳад буд.

Дар охир дар доираи  кисмати амалии Аксияи хизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо саҳми аъзои ташкилоти ибтидоии «Хифзи табиат» ба як оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи 270 сомони кумаки моддӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg