БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМИ СИЁСӢ ЗУӼУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деӽаи Гулгашти ҷамоати деӽоти ба номи Мирали Маӽмадалиев бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот анҷом дода шуд.

Зимни мулоқот Сафарова Ӽафиза раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ оиди хатару паёмадҳои экстремизм ва терроризм суханронӣ намуд. Мавсуф ёдовар шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ дар робита ба хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ-экстримистӣ қайд намуда буданд, ки мубориза бар зидди чунин зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъонаи тамоми давлатҳо ва тамоми ҷомеъаи шаҳрвандиро талаб менамояд. Натиҷаи сиёсатҳои духураи баъъзе давлатҳост, ки имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои гурӯҳҳои террористии харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Барои пешгири намудани чунин раванди номатлум бояд дастаҷамона кор намуда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯсти ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд бо Ватан, миллат давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онхо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg