
Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” кулли бонувони сарбаланду ватандӯсти кишварро ба иди фархундаи Рӯзи Модар табрику муборакбод менамояд.
Мо ҷавонон, ки дар домони сабзу пурмеҳри Модар сабзида, аз лаҳни зебову саршор аз муҳаббаташ дарси зиндагӣ ва садоқати ватандорӣ омӯхтаем, як умр хизматҳои бузург ва шабзиндадориву бедорхобиҳои ӯро пос медорем. Бедорхобиҳое, ки чашми моро ба рӯи зиндагӣ равшан сохт ва андешаи дар олами ботин хуфтаро дар баробари ҷаҳони пурмаъно бедор намуд.
Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарфи дили мо ҷавонон нисбати Модар аст, ки гуфтаанд: “Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”.
Боиси ифтихор аст, ки бо дарки ин маънӣ имрӯзҳо ҷавондухтарони тоҷик ҳамчун офарандаи созандагони ояндаи Ватан баҳри азхудкунии илму дониш ва омӯзиши маҳорату малакаи роҳбарӣ талош намуда, бо кору амали ватандӯстонаи худ бовариву эътимоди аҳли ҷомеаро ба ояндаи дурахшони кишвар афзун намуда истодаанд.
Модарони мо ҳамеша мутмаин бошанд, ки мо фарзандони содиқ ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббусҳои бунёдкорона ва садоқати комил ба Ватан боиси сарбаландиву ифтихорашон мегардем.
Таманнои онро дорем, ки Модарону бонувони азизи мо ҳамеша тансиҳату осуда ва хушрӯзу саодатманд бошанд.
Ид муборак Модарони гиромӣ!
07.03.2018, шаҳри Душанбе