
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш вохӯрии навбатиро дар мавзӯъи «Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ байни хизматчиёни давлатӣ» дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати шаҳраки «Вахш» доир нмуданд.
Нахуст, зимни андешаронӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ЩХДТ дар нощияи Вахш Исмоил Ҷалилов қайд кард, ки коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки ҳар як сокини соҳибватан мебошад.
Дар охир аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми вохӯрӣ бо сокинон коррупсияро ҳамчун падидаи номатлуб арзёбӣ намоянд.