
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Имрӯзҳо бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ бо мардум суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.
Вобаста ба масъалаи дар боло зикргардида, дар ташкилоти ибтидоии «Матлуботчиён» аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Масъулин дар баромадҳои хеш аз мулоқотҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдвоарӣ карда, зикр намуданд, ки шароити мураккабу пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир аз мо ҳизбиён тақозо дорад, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ, ки асосҳои ҳаётӣ доранд, хусусан дар самтҳои тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, таҳкими имкониятҳои содироти мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бозори меҳнат афзалияти бештар диҳем.
Дар охир дар бо ташаббуси ташкилоти ибтидоӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба як оилаи ниёзманд кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд, ки аз ин ғамхориҳои пайваста шахсони ниёзманд изҳори фараҳмандӣ карданд.