БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СТРАТЕГИЯИ СОЛОНАИ РУШД АСТ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии ҷангали Даштиҷум»-и Ҷамоати деҳоти Даштиҷум вохӯрӣ доир карда шуд.

Суҳбатро масъулини ҳизбӣ  оғоз намуда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Паёми навбатӣ, ки дар он масъалаҳои ҳаётан муҳим барои сокинон ироа гардида буд, суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар татбиқи дастуру супоришҳои  аз Паём бароянда  барои мо шаҳрвандон ҳатмӣ буда, моро лозим аст бо амалҳои созанда дар пешрафту ободии Ватан саҳмгузор бошем.

Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал  мекунем!» як қатор корҳои бунёдкорона  ба роҳ монда шуда, иштирокдорон  дар  Аксияи ҳизбӣ фаъолона иштирок намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg