БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ АЗ БАЙН БУРДАНИ ТААССУБИ ДИНӢ ВА ХУРОФОТПАРАСТӢ БО ҲАДАФИ СОЛИМ НИГОҲ ДОШТАНИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Матлуботчиён” баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, азҷумла аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки сатҳи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи сатҳи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти он мебошад. Ҳар қадар маънавити ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза  давлат ба пешравию муваффақиятҳо ноил мегардад. Бо дарки ин маънӣ ҳар як давлату ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунад ва дар айни замон гурӯҳҳои  манфиатҷӯву тахрибкор баръакс, ба ифротсозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми  кӯшишҳои худро равона месозанд.

Дар охир таъкид гардид, ки мо шаҳрвандон бояд бо амалҳои созандаи хеш бар зидди  чунин падидаҳои номатлуби  ҷомеа муборизаи беамон бурда, меҳанамонро аз ин зуҳуроти хатарзо  ҳифз намоем.

Вобаста ба қисмати амалӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба масофаи 140 метр роҳ сангфарш  карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg