
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Наврӯз-01” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Шарипова Гулҷаҳон муовини раиси Кумитаи иҷроия оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми навбатӣ фаҳмонидани моҳияти Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрию суҳбат доир намуд.
Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки муҳтавои Паёми солонаи Пешвои миллат аз он иборат аст, ки мебояд ҳар сокин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он кореро новобаста аз вазъи иҷтимоии худ анҷом диҳад. Дар ҳамин ҳолат мо метавонем дар ҷомеа пешрафтро амалӣ намуда, зиндагии шоистаи худро таъмин созем.
Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.