БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Абдулло РАҲМОНЗОДА: Модари тоҷик рисолати қаҳрамониву қаҳрамонофарӣ дорад

Мо имрӯз бар хилофи ҳамаи қоидаву муқаррароти имлоӣ навиштани вожаи “Модар”-ро чи дар аввалу чи дар охири ҷумла ҳамчун исми хос бо ҳарфи калон оғоз мекунем. Модар! Пушти ин калима меҳру муҳаббат, самимияту ростӣ, зебоиву ҷамол, шукӯҳу ҷалол, покиву нафосат, латофату тароват, гармиву равшанӣ, ҳаёту зиндагӣ ва бахту саодати башарият нуҳуфтааст.

Модар болотар аз мафҳуми зану мард ва дигар таснифоти ҷинсист! Модар болотар аз як дастгоҳи тавлиди инсон аст! Модар болотар аз мафҳумҳое ба мисли фариштаи ҳусну такондиҳандаи дунёст! Модар болотар аз оташест, ки хомҳоро пухта месозаду ба инсоният умри бардавом мебахшад! Модар маҷмуи ин ва дигар арзишҳои олист... ва ҳатто бештар!

Суруди аллаи модар суруди зиндагист! Садои гарми нафасҳои ӯ тавонбахши рӯҳу ҷисми фарзанди дар гаҳвора хуфтааш аст. Фарзанде, ки фардо ояндаи давлату миллатро ба даст мегирад! Фарзанде, ки фардо давлатро аз вартаи нобудиву миллатро аз хатари парокандагиву гумномӣ наҷот медиҳад. Фарзанде, ки имрӯз дар пешорӯи дидагони пурмеҳри Модар дар хоби ноз аст, фардо рӯҳи ҳазорсола хуфтаи миллати тамаддунофарро дигарбора бедор месозад...

Он дунёбехабароне, ки вожаҳои “Модар” ва “заифа”-ро ҳаммаъно мепиндоранд, аз қудрати воқеии Модар бехабаранд. Қудрати ботиние, ки Модар дорад ин қудрати Меҳр аст ва ҳеҷ қудрате дар олам ба нерӯи шикастнопазири Меҳри Модар баробар шуда наметавонад. Меҳри Модар ба сони хуршед ба тамоми олам баробар нурпошӣ мекунад ва фарзандон низ аз ин меҳр баробар ва ба ҳадди барояшон кифоят баҳра мебаранд. Меҳри модар ба сони замин аст, ки фарзандон мисли донаҳои гандум дар доманаш тарбият ёфта, ба камол мерасанд ва аз  хирмани беканори дасти дӯои ӯ баракат ризқу рӯзӣ меёбанд. Қудрати Меҳри модар то он ҷост, ки ин меҳр ба ҳар як фарзандаш дар алоҳидагӣ пурра бахшида шудааст ва ҳамзамон ҳеҷ яке аз ин файзу нусрат бенасибу камнасиб нест ва ҳеҷ яке аз фарзандон наметавонад онро қисмат кунад ва ё бо ягон арзише байни бародарону хоҳарон тиҷорат намояд. Ин муъҷизаро устод Лоиқ лаёқатмандона чунин тасвир кардааст.

...Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандҳои ту,

Миёни ҳам басо тақсим карданд...

Вале як рӯз донистанд:

Замину осмон, хуршеду маҳ,

Мисли дили ту, мисли меҳри ту,

Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд!

Касоне ҳам, ки фикр мекунанд вожаҳои “зан” ва “Модар” ҳаммаъноанд аз рисолати азалии Модар бехабаранд. Зеро рисолати Модар ба як таваллуд кардану ба дунё овардани фарзанд ба анҷом намерасад. Таззод ҳам ин ҷост, ки баъзан заноне, ки умуман фарзанд ба дунё наовардаанд, беҳтарин Модарон ҳастанд... ва баръакс. Яъне Модар болотар аз арзишҳову фаҳмишҳои табииву ҷисмонист! Модар ин ишқу умеду ҳаёт аст – ишқ ба зебоиву ростӣ, умед ба зиндагии хушбахтона ва ҳаёт барои расидан ба ишқу умед ва хушбахт сохтани инсоният... Модари воқеӣ ҳам он аст, ки дар вуҷуди фарзанд ишқу умеду ҳаётро бедор месозад.

Модар на танҳо офарандаи қолаб, балки тарбиятдиҳандаи фитрати инсонист! Модар аст, ки ба фарзанд завқи баланди эҳсоси зебоӣ ва сухани неку амали созанда мебахшад ва ниҳоди ӯро ба андозаи лаёқати хеш рангин месозад. Модар онест, ки торҳои ноаёни андешаи худро ба торҳои андешаи фарзанд пайванди ногусастани мебахшад ва аз ин роҳ мафкураи фарзандро ба гунаи тафаккури инсонӣ шакл медиҳад. Мавқеъ ва лаёқати фарзанд аз ғаризаҳои фитрии Модар сарчашма мегирад ва сарчашмаи камоли истеъдоди фарзанд низ аз он вобаста аст, ки Модар ӯро дар кадом рӯҳия тарбия намуда то чи андозаву кадом самте илҳом бахшидааст. Мисраҳои зерин ҳам обишхури ҳамин маъноанд:

Онро, ки назодааст Модар шоир,

На сим кунад шоиру не зар шоир.

Ин байти устод Лоиқ ба дигар самту соҳаҳои ҳаёти инсоният ҳам дахл дорад ва ҳатто як дӯсти хушсуханамон ин мисраҳоро чунин гардиш ҳам дода буд:

Онро, ки назодааст Модар одам,

На сим кунад одаму на зар одам.

Бале, воқеан Модар дар шаклгирӣ ва инкишофи фардии инсонҳо нақши аввалиндараҷа дорад. Маҳз гармии қалби нарми Модар аст, ки оҳанро мегудозад ва барои фарзандаш аз андешаву тафаккури солим ҷавшани ҷон месозад. Маҳз равшании чашми Модар аст, ки ботини фарзандашро тавассути як нигоҳ дарк меомӯзад ва онро тарбия мекунад. Маҳз дасти дуои модар аст, ки дар зиндагии фарзанд файзу кушоиш мебахшад. Билохира, маҳз домони поку рӯҳу равони поки Модар аст, ки дар ҷаҳони пуршуру шар одамоне бо андеша поку дасту дили пок зиндагӣ мекунанд ва бақои дунё аз азал аз мавҷудияти чунин нафарон вобаста буду ҳаст.

Маҳз дили қавиву рӯҳи тавонои Модар буд, ки қаҳрамонфарзандонро ба дунё оварда дар рӯҳияи қаҳрамонӣ ва миллатдӯстӣ тарбия сохт. Мо миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва халқи шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҳама бештар ба дарки қадру манзалати Модар мерасем. Маҳз қаҳрамониҳои фарзандони Модарони қаҳрамони тоҷик буд, ки имрӯз мо Тоҷикистон дорем ва миллате бо номи тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ шинохта шудааст.

Маҳз аз шарофату каромати Модар миллати тоҷик Пешвои меҳанпарвару ҷасур дорад ва сарбаландона дар роҳи ободиву рушду шукӯфоии Ватан устуворона қадам гузошта истодааст.

Ваҳдати миллат ин забони ваҳдатсарои Модари тоҷик аст, ки якҷо бо садои форами алла ниҳоди фарзандро ламс месозад ва ин силаи раҳм меҳру муҳаббату самимияту садоқатро ба вуҷуд меорад.

Зиҳӣ Модар, эй олиҳае, ки гардиши беохири дунё аз нерӯи беохири Меҳри туст!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg