Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

БА ҚАДРИ ИН НЕЪМАТИ БЕБАҲО -ОБ МЕРАСЕМ!

БОХТАР.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Иншооти обии шаҳр» тибқи нақшаи вохӯриву суҳбатҳо  хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада иброз дошт, ки об неъмати бебаҳои рӯи замин ба шумор меравад. Мо мардуми Тоҷикистон бояд шукрона аз он кунем, ки Худованд кишвари моро бо обҳои мусаффо ва чашмаҳои беназир арзонӣ доштааст ва ба қадри ин неъмати бебаҳо ва фаровони кишвари худ бирасем. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки барои оқилона ва сариштакорона истифода бурдани об тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.

Дар идома мавсуф доир ба ҳадафҳои созанда ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагӣ ба таҷлили санаи фархундаи миллӣ- 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, бедор намудани ҳувияти миллӣ дар замири сокинони мамлакат, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, тарғиби Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем", татбиқи самараноки ҳадафи чоруми миллӣ, ибрози ақида намуд.

Инчунин,дар охир таъкид карда шуд, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафу барномаи ҲХДТ тамоми неруву тавоноии хешро равона созем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg