БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАМЕГУЗОРЕМ ТО НОХАЛАФЕ БА МАЙДОНИ ВАҲДАТ ВА САОДАТИ МО САНГИ ИФРОТГАРОЁНА ПАРТОЯД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ориёно” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва Кӯчаров Алихон роҳбари ташкилоти ибтидоии “Ориёно” иштирок ва баромад намуданд.

Орзу Ҳамидиён қайд дошт, ки имрӯз ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо, хусусан ТТЭ ҲНИ кӯшиш менамоянд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ҷои пӯшида нест, ки экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ТТЭ ҲНИ аз он ташкилотҳои ифротие ҳаст, ки сӯистифода аз дини поки мубини ислом дар Тоҷикистони азизи мо мехоҳад мақсадҳои муғризонаи худро анҷом диҳад.

Иштирокдорон дар навбати худ амалҳои ТТЭ ҲНИ-ро зимни баромад қатъиян маҳкум намуда, гуфтанд, ки намегузорем нохалафе ба майдони ваҳдат ва саодати мо санги ифротгароёна партоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg