
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Корхонаи Фаръии давлатии Хоҷагии манзилию Камуналӣ” хониши сиёсӣ доир намуданд.
Масъулин дар суҳбат доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ ёдовар шуда, зикр карданд, ки сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад ва татбиқи амалии он вазифаи на танҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрвандӣ бонангу номуси кишвар мебошад.
Пас моро месазад дар татбиқи сиёсати созандаи Президенти кишвар масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, аз хурофоту бегонапарастӣ, зиёдаравию тарғиби фарҳангӣ бегона худдорӣ кунем.
Сипас, ҷиҳати иҷрои Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 6 нафар шахсони ниёзманди ҷомеа маводҳои хӯрокворӣ кӯмак карда шуд.