БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОДАМ НАШАВАД МАГАР КАСЕ АЗ МАКТАБ

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар ташкилотии ибтидоии “Иқбол” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Зимнан мавсуф  дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, пешгирӣ аз  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуд.

 Дар қисмати амалии Аксия бошад,  аз ҷониби узви фаъоли  ташкилоти мазкур  барои таъмири синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 як миқдор масолеҳи  сохтмонӣ  кӯмак расонида,  яке аз синфхонаҳои он  рангубор карда шуд.

Ҷараёни Аксияи ҳизбӣ дар миёни соҳибкорону вакилон, аъзову ҷонибдорони ҳизб қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

Дар охир сокинони кӯча аз иқодому ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат  сипосгузор буда, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg