Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

КӮМАКИ ВАКИЛ БА МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Сиёсати ободкоронаи  Пешвои миллат ва иқдомҳои ватандӯстонаи  ҲХД -ро  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар самти корҳои созангаиву бунёдкориро дастгирӣ намуда, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Назарзода Ёрмаҳмад дар доираи Аксияи  ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” барои таъмиру азнавсозии муассисаи томактабии навтаъсиси дар деҳаи Баҳодурон воқеъбуда як миқдор масолеҳи  сохтмонӣ кӯмак намуданд.

Чуноне, ки Ватанзода Сайҷаъфар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни суҳбат  дар вохӯрӣ изҳор дошт, ин иқдом дар ҳамовозиӣ бо Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», ки яке аз мақсадҳои роҳандозӣ гардидани он дастгирии соҳаи маориф мебошад, сурат гирифт.

Имрӯзҳо кам нестанд ҷавонмардоне, ки хоҳиши расонидани кӯмак ва амалӣ намудани корҳои хайру сахоро доранд. Мо кӯшиш менамоем, ки дар ҳамкорӣ бо чунин шахсон, вакилон, фаъолону ҷонибдорони ҳизб дар корҳои ободониву созандагии шаҳр саҳмгузор бошем.

Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg