ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии М.Атавуллоеви ҷамоати шаҳраки Панҷ оид ба баррасии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳалла вохўрии судманд баргузор гардид..
Дар он Ҳошимов Тоҳир интирок карда, қайд намуд, ки бо мақсади боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӣаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бо пешниҳоди Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.
Дар охир, раиси ташкилоти ибтидоӣ Луқмонов Асрор баромад намуда, иброз дошт, ки бо қувваи сокинон ба 1 оилаи ниёзманди маҳал кўмаки хўрока - аз қабили орду равған расонида шуд.