БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ БА ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ КИШВАР МУСОИДАТ ХОҲАД НАМУД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” баргузор гардид.

Нахуст Каримов Лоиқҷон дар бораи  Паёми навбатии Пешвои миллат мулоҳизаронӣ карда, зикр намуд, қисмати ниҳоии Паёми имсоларо ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, ки дар рафти он риояи қонунгузорӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аҳамияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонун ва шаш қонуни дигар дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқиву маънавӣ баррасӣ гардид.

Дар охир вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба масофаи 150 метр роҳ сангфарш карда шуд, ки ин ба пешрафту ободии Ватан мусоидат хоҳад намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg