ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Лола» вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни ибрози андеша дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, пешрафту ободии кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳарф заданд.
Дар охир аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо амалҳои созанда дар паҳлуи Роҳбари давлат истода, Ватанамонро аз ин дида ободтар созем.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбӣ ва Аксияи таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб” муассисаи томактабии №1 таъмиру рангубори утоқҳои кориву зисти наврасон бо маром идома дошта, як адад ҳавзи шиноварии замонавӣ барои кӯдакон сохта, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.