БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИРУ ТАРМИМИ РОҲҲО ИДОМА ДОРАД

Н.ХУСРАВ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Тибқи  нақшаи  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  ташкилоти  ибтидоии  маҳаллаи   “Ҳамро  Олимов”-и Ҷамоати  деҳоти  “Истиқлол” хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулини  Кумимтаи  иҷроия  доир  ба  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   оид ба таҷлили  ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  Тоҷикистон ҳар  як  шаҳрванди  бонангу  номус  бояд  саҳми  худро  гузорад.  Инчунин, гуфта шуд, ки   ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоии  аҳолӣ  аз  ҷумла  таъмиру  тармими  роҳҳо, бунёди иншоотҳои  иҷтимоӣ  ва рушди инфрасохтори  деҳот,  худ беҳтар  шудани   зиндагии  мардум  мебошад.

Баъдан сокинони  маҳалла  дар  доираи  татбиқи  амалии  Аксияи  ҳизбӣ таҳти  унвони “Якҷоя  ҳал  мекунем!” роҳи  даромади  деҳаро  тозаву озода карда, онҳо ният доранд роҳи  калони  дохили  маҳалларо  ба масофаи  2  км  мумфарш  намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg