БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ МО ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА БА СОКИНОН

А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Сино»-и назди МНДСЭ дар ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ ва дастгирии  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ қисмати роҳе, ки маркази ноҳияро бо дурдастатарин ҷамоати деҳот пайваст менамояд, ба масофаи 3 км сангфарш карда шуд.

Роҳи мазкур, ки солиёни дароз  рӯи таъмиру тармимро надидаву ба рафту омади мардум мушкилӣ эҷод мекард, бо дастгирии шахсони  ватандӯст тахту ҳамвор карда шуда, аз ин иқдоми  ҳизбиён  сокинон сарфароз  гардида,  роҳандозии  корҳои ободониро давоми ғамхориҳои  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ карданд.

Инчунин,   дар қисмати сиёсии  чорабинӣ дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла  самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg