БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарчашмаҳои ваҳдату саодатмандӣ ва хушбахтии мардум

АНДЕША. Дар замони Истиқлолият барои амалӣ гаштани ормонҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам омад. Миллати мутамаддини тоҷик тавонист ҳам давлати миллиро таъсис диҳад, ҳам сарвареро, ки мазмуни аслии  фаъолияти роҳбарии ӯро   татбиқи  ободиву ободкорӣ ва таъмини саодату хушбахтии аҳли ҷомеа ташкил медиҳад, баргузинад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон баҳри ба даст овардани сулҳу салоҳи босубот ва устувору бебозгашт миёни тоҷикони парокандашудаву ҷилои ватанкарда ва дар заминаи он рӯ овардан ба бунёкориву созандагӣ, истиқрори ҷомеаи адолатпешаи шаҳрвандӣ, барқарор кардани  манзилгоҳҳову ба по гузоштани ҳаёти моддиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавии милливу суннатӣ ҷаҳду талошҳои пайваста ва ибтикороту шабзиндадориҳои тӯлонӣ ба харҷ додааст.

Тавре, ки аз таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бармеояд, истиқлолияти давлатӣ ва сиёсӣ барои мо – тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишварамон ба варта ва гирдоби ҷанги шаҳрванди кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатиро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.

Дар чунин шароити душвор шаҳрвадони тамоми манотиқи кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад. Дар он вақт танҳо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулитро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХVI муайян кард. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.

Замон ва таҷрибаи таърихии Иҷлосияи сарнавиштсоз исбот намуданд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи он алтернативи дигар надошт. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамгуна моҷароҷӯиро гирифта метавонадва обру нуфӯзи кишварро дар арсаи байнамилалӣ собит ва  ҳифз менамояд.

Новобаста аз баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихи ва сарнавиштсоз қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ва ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризоияти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии нахустини хеш чунин иброз намуда буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Аз нигоҳи фалсафаи имрӯза ва оянда бо тафохур бояд таъкид намоем, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Ҷаноби Олӣ Эмомлаӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар  ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ва Сарвари давлат ва Роҳбарияти нави мамлакат гардиданд. Иҷлосияи ХVI масъулияти созандагиро ба зима гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳи ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.

Имрӯз доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ суханронда, бояд таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии қарорҳои ҳамин Иҷлосия ва талошу ибтикороти муттасилонаву пайвастаи Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст.

Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайри ҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Сарвари давлат аз омилҳое будан, ки ба амали гардонидани нақшаҳои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва парламенти кишвар, ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ додан два ниҳоят 27 июни 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишнома ифодаёфта сулҳи бебозгаштро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд. Мо имрӯз боҷуръатона ва бо ҳисси тафохур метавонем иброз дорем, ки Фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодид эътироф шуд. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин мӯҳлати кӯтоҳ қатъ шуда бошад ва ҷонибҳои даргир дасти дӯстӣ ба ҳам дода фаъолияти солими дастгоҳи воҳиди давлати хешро ба манзури ободии кишвар равон намоянд. Ин аст диалектика ё равобиту баҳампайвастагии мушкилот ё худ муаммои ҳикмати сулҳу салоҳ ва бунёдкориву созандагӣ, ки дар эъмору истиқрори ҷомеаи шаҳрвандии матлубу шоистаи Тоҷикистон ба таври возеҳ ба назар мерасад ва хушбахтона натиҷаву самараҳои хубу файзовар ба бор овардааст.

То ғам нахӯрад кас, нашавад манзиле обод,

Ғам хӯрдаму обод надидам дили худро.

(Абдураҳмони Мушфиқӣ)

Мо, мардуми шарифи Тоҷикистон аз он сарфарозем, ки дар роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи Шӯрои Олӣ бо сарварии Президенти мамлакат гомҳои устувор баҳри татбиқу пиёда кардани ормонҳои умедбахши миллиамон мегузорем. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ раванди бунёдкорӣ эҳё шуд. Сохтмони иншоотҳои азим роҳи оҳани Қурғонтеппа- Кулоб, роҳи мошингарди Кулоб- Хоруғ- Кулма- Қароқурум, туннели ағбаи Анзоб, нерӯгоҳи барқи Сангтӯда, барқарор кардани даҳҳо ва садҳо купрукҳо, корам кардани заминаҳои нав шаҳодати бунёдкорӣ ва созандагии халқ ва Ҳукумати Тоҷикистон аст, аз Иҷлосияи номбурда сарчашма мегиранд.

Эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ торафт меафзояд. Аз тарафи зиёда аз 130 давлати дунё ба расмият эътироф шудани Тоҷикистон, барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо аксарияти онҳо, узвият дар Созмони Миллали Муттаҳид ва даҳҳо ташкилотҳои бо нуфӯзи байналмилалӣ, иштирок раисӣ ва гузоришҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Миллали Муттаҳид ва аз минбари Олии он ба оламиён муаррифи намудани Ватани маҳбубамон боиси ифтихормандии ҳамаи мост.

Корҳои наҷиби Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олиро парламенти имрӯз- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, самти фаъолияти хешро ба он нигаронидааст, ки волоияти қонун дар ҷомеа таъмин гардад. Баъди тадриҷан ба эътидол омадани авзои сиёсӣ тавассути раъй пурсии умумихалқӣ 26 сентябри 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо дохил гардид. Акнун дар мамлакат парламенти думаҷлиса фаъолият дорад. Бори аввал дар таърихи давлатдорӣ мақомоти қонунгузории доимамалкунанда ва касби интихоб шуд, ки ин нишонаи давлати мутамаддин аст.

Агарчи масти ишқам хароб кард, вале,

Асоси ҳастии манн з-он хароб обод аст.                                        

(Ҳофизи Шерозӣ)                                                  

Баҳри имрӯзу фардои неки Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандва рушди давлатдорӣ ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ кушиш бар он доранд, ки системаи нави идоракуни ҷомеаро тақвият бахшанд, то он ба назардошти хусусиятҳои ҷомеаамон ҷавобгуй тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардад. Ҳалли ин вазифаи стратегии муҳим танҳо онгоҳ имконпазир мегардад, ки ҳар яки мо ҳамчун узви ҷомеа ба он аз ҷиҳати мафкура, шуур ва муносибатҳои маънавию истеҳсолии замони нав омода шавем ва пайвастп кушиш намоем,к ибо характери умумии ҳуқуқи инсон асос ёфта, имконияти беҳтарини татбиқи ҳамаҷонибаи на танҳо ба сифати намояндаи миллат, балки ба ҳар як узви оила, мазҳаб, наслу насаб, ҳизби сиёсӣ, мамлакат ва фавқулмиллӣ шароити мусоид фароҳам созад. Ҳаминтавр муҳите ба вуҷуд орем, ки ҷомеа ба мо ҳамчун ба насли башар рӯ орад, ки гузаштаи бои бофарҳанг ва мутамаддин дорад. Ба ҳамин хотир ҳар яки мо ҳамчун узви ҷомеа баҳри таҳкими давлат ва давлатдорӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ, густариши қонун ва қонуният, демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ босамар кор ва хидмат намуда, оянда неки хешро барпо намоем.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ва дунё ҳамто надорад ва мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Ҳар қадар, ки вақт моро аз ин Иҷлосияи тақдирсоз дур мебарад, ҳамон қадар аҳамияти бузурги таърихиву сарнавиштсози он барои давлату халқи Тоҷикистон бештар аён мегардад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амали ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегиранд. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин Иҷлосия барои ҳар яки мо, наслҳо ва ҷомеъаи имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат Пешвои миллат Президенти муҳтарами он Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи бунёдкориву созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии он ислоҳоту тағйироти кулливу умда ба зуҳур овард. Таъмини сулҳ ва ризоияти миллии саросарӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти иқтисодӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, ворид кардани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳёи «Роҳи абрешим» ва тавассути он сохтани роҳҳои хусусияти байналмилалӣ доштаву пулҳои боҳашамат ва кандани нақбҳои Анзобу Шаҳристони вилояти Суғд ва Чормағзаку Шаршари вилояти Хатлон, ба кор андохтани нерӯгоҳҳои азиму барқиву обии Нораку Сангтӯдаву дар оянда Роғун ва садҳо нерӯгоҳҳои хурду миёна дар тамоми навоҳиву манотиқи гуногуни кишвар, сохтмони ҳазорҳо иншоотҳои муҳташами истиқомативу фароғатӣ, марказҳои савдову тиҷоратӣ, мактабу литсейҳои миёнаву байналмилалӣ дар саросари кишвар, боғчаву ятимхонаҳо, марказҳои тиббиву тандурустӣ, таъмини саросарии мактабу маорифи мамлакат бо воситаҳои иттилоотиву иртиботӣ, хусусан компютерҳо, интернетҳо, эҳёи низоми ҷадиди таълим ва интишори ҳамаҷонибаи он дар кишвар, мавриди истифода қарор додани Маркази тестии қабули довталабон дар макотиби оливу миёнаи махсус, таҷдиди назар намудани китобҳои дарсиву васоиту барномаҳои таълимӣ ва ба талаботи байналмилалӣ муобиқ сохтани онҳо ва ғайра шаҳодати барҳақи рушду нумув ва иртиқои бемайлони Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои миллат Президенти он Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ҳамин худ маънии тому бутуни ҳикмати ободонӣ ва созандагиро ташкил медиҳад.

Дигар тағйироти азиму назаррасе, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ кишвар ва гулгулшукуфии он зери сарпарастии Сарвари он ба вуқуъ пайвастааст, эҳёи ислоҳоти куллӣ дар маорифу илм, таҷлили ҷашнҳои абармардони фарзонаи миллат, китобҳои муқаддас, байналмилалӣ гардонидани ҷашнҳои Наврӯз ва арҷгузорӣ ба рӯзҳои саиду хотирмон ва ғ мебошанд.

Имрӯз рушду иртиқои бемайлони кору пайкор ва фаъолияти мунтазамонаву ҳамешагии мактабу маориф ва илму фарҳанг яке аз вазифаҳои асосии стратегӣ ва соҳаи афзалиятноки Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст ва баҳри татбиқу амали сохтани ин ормонҳои милливу давлатӣ Президенти кишвар ва аъзои дастгоҳ ва ҳукумати ӯ ба таври ҳамешагӣ ҷаҳду талош намуда истодаанд.

Мо орзуи онро дорем, ки дар солҳои наздик ин мақсаду ҳадафҳои матлубу нишонраси онҳо амалӣ хоҳанд гардид ва баҳри комёбшавӣ ба зиндагии комилу шоиста ва ахлоқи ҳамидаву ҳасанаи саросарии инсонӣ дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Дар ин радиф Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати амалисозии соли ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ мусоидат намудан ва машғул шудани ҷавонон ба корҳои илмӣ-татқиқотӣ ҳамеша саҳмгузор мебошад.

Далер КОМИЛОВ, мушовири директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат.

Раҳматулло ДАВЛАТОВ, муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва

робитаҳои берунаи Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

Бознашр аз китоби “Ҷавонон-пайрави Эмомалӣ Раҳмон”

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg