БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТ БЕНАЗИР АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Даштиҷум» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар ҳамоиш Асақолов Алиҷон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  иштирок дошта, дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ,  бахусус нақшу мақоми ҲХДТ дар пешрафту шукуфоии кишвар, дар таҳкими сулҳу субот ёдоварӣ карда, қайд намуданд, ки  саҳми  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷода беназир буда, ҳама заҳмату талошҳои бевоситаи  Пешвои миллат аст, ки Ватани маҳбубамон рӯз то рӯз шукуфону дар қатори дигар давлатҳои абарқудрат ҷойгоҳи хешро пайдо намудааст. Мо мардуми сарбаланди тоҷик  ба қадри сулҳу оромӣ, хизматҳои шоёни Роҳбари давлат расему  бештар дар корҳои бунёдкорона заҳмату меҳнат намоем.

Дар қисмати интиҳоии вохӯрӣ дар якҷоягӣ корҳои ободониву обчакориро  дар доираи  Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар саҳни ташкилоти ибтидоии  мазкур анҷом доданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg