Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

БЕҲТАРИН ХАЙР ДАСТИ ЯТИМОНУ ДАРМОНДАГОН ВА БЕМОРОНУ БЕЧОРАГОНРО ГИРИФТАН АСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар  ташкилоти ибтидоии «Муассисаи рӯзномаи Кӯшониён» хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз он ҷумла пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” муфассал баромадҳо  намуданд.

Сипас, ҷиҳати иҷрои Аксияи ҳизбӣ ба як нафар шахси ниёзманд,  маъюби гурӯҳи 2 Қурбонов  Ҷамолиддин ба маблағи 200 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg