БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи ғадудҳои даруна” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот баргузор карда шуд.

Дар мулоқот Мунаввараи Бозоралӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки зӯроварӣ дар оила ин кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба ҳисоб меравад.

Инчунин, дар идома гуфта шуд, ки ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, пошхӯрии оилаҳо, пеш аз никоҳ гузаштан аз муоинаи тиббӣ  аз тарафи давлату Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассир андешида шудаанд.

Дар охир таъкид гардид, ки роҳи ҳалли мушкилоти зӯроварии хонаводагиро аз ҳамкории якҷояи сохторҳои давлатӣ, ҷомеа шаҳрвандӣ ва фаъолони ҷомеа вобастагии калон дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg