
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва дастгирии хатмкардагон Раҷабов Раҷабалӣ, Раҷабов Музаффар, Содиқов Ашӯр ва Бобоев Олимхон барои таъмири синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 75 масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида шуд.
Инчунин, дар қисмати сиёсии чорабинӣ вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар самти рӯ овардани сокинон ба мактаб, иштироки падару модарон дар дарсҳои омӯзгорон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва атрофи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз зиндонҳои давлати Ироқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риояи фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба ватандӯстиву ватанпарварӣ даъват карданд.